«Тасдиқ карда шуд»
Дар Конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба
шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон
22 феврали соли 2008
Оинномаи
Ташкилоти ҷамъиятии
“Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Моддаи 1. Муқаррароти умумӣ
1.1. Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (минбаъд дар матни мазкур - Федератсия) ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрии худидоракунӣ ва ғайридавлатии варзишӣ мебошад, ки намудҳои зерини варзиши обиро дар бар мегирад: шиноварӣ, ҷаҳидан ба об, туббозӣ дар об, шиноварии мавзун, инчунин варзишгарон, тренера, судяҳо ва дигар шахсони манфиатдорро, ки фаъолияти ҷамъиятии фоидаоварро амалӣ мегардонанд, дар худ муттаҳид менамояд.
1.2. Мақсад ва вазифаҳои Федератсияро Оинномаи мазкур муқаррар менамояд ва тибқи Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин дигар санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд ба амал оварда мешаванд.
1.3. Федератсия аз мавриди ба қайд гирифта шуданаш шахси ҳуқуқӣ мебошад. Федератсия ҳуқуқ дорад бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва таҳҷоие, ки мақсад ва вазифаҳои ба ҳам наздик доранд, хамкорӣ намояд. Федератсия дорои моликияти худ, воситаҳои пулии асосӣ ва мубодилавӣ, мувозинати мустақил, суратҳисоб, аз ҷумла суратҳисоби арзӣ дар бонк мебошад, инчунин метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсиро ба даст орад ва инчунин дар суд ва суди иқтисодӣ ба сифати даъвогар ва ҷавобгар иштирок дошта бошад.
1.4. Федератсия аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо молу мулк ва маблағи худ масъул аст.
1.5. Федератсия бо тартиби аз тарафи қонун муқаррар гардида дорои мӯҳри гирд, штамп, варақаҳои махсус бо номи худ, рамз, нишони сарисинагӣ ва дигар нишонаҳо мебошад.
1.6. Федератсия метавонад ба ҳайати дигар иттифоқ, иттиҳод ва ассотсиатсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин Федератсияи Байналмилалии ғайрикасбии шиноварӣ (ФИНА), дар сурати мухолиф набудан ба Оинномаи он, шомил бошад.
1.7. Федератсия фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.
1.8. Мақомоти роҳбарикунандаи Федератсия суроғаи зерин дорад: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Айни-24.
Моддаи 2. Мақсад, вазифаҳо ва намудҳои фаъолияти Федератсия
2.1. Мақсад ва вазифаҳои асосӣ аз ташкил намудани Федератсия: инкишофи намудҳои варзиши обӣ: шиноварӣ, ба об ҷаҳидан, туббозӣ дар об, шиноварии мавзун - дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама сатҳҳо, бе маҳдудияти сиёсӣ, динӣ ё нажодӣ; васеъ намудани доираи фаъолият, такмили системаи омодагии варзишгарон. Таҳия ва амалигардонии маҷмӯи барномаҳои дахлдор, таблиғ ва ташвиқи васеи шиноварӣ дар байни аҳолӣ тариқи воситаҳои ахбори омма.
2.2. Гузаронидани вохӯрӣ, мизи мудаввар, семинар, конференсияҳо, ба вуҷуд овардани фаъолияти хоҷагидорӣ. Иштироки фаъолона дар мубодилот аз таҷрибаи корӣ дар соҳаи варзиш ва фарҳанг.
2.3. Инкишоф ва таҳкими робитаҳо бо Федератсияҳои Миллии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва инчунин бо Федератсияи Байналмилалии Шиноварӣ (ФИНА) ва дигар иттиҳодияҳо.
2.4. Тайёр намудан, санҷиш гузаронидан ва ҷобаҷо гузоштани дурусти тренерҳо оид ба намудҳои варзиши обии Федератсия.
2.5. Таҳия ва тасдиқ намудани тақвими варзишӣ, қоидаҳои озмунҳо, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ. Амалӣ гардонидани дигар намудҳои фаъолияте, ки ба қонунгузории ҷории Тоҷикистон мухолиф нестанд.
2.6. Ба таври ҳатмӣ фиристодани варзишгарон барои иштирок дар мусобиқаҳои варзишии минтақавӣ, байниқитъавӣ ва умумиҷаҳонӣ.
2.7. Ба анҷом расонидани чораҳо оид ба таъмини тайёрӣ ва иштироки варзишгарони намудҳои варзиши оби дар Бозиҳои Осиёи Марказӣ, Бозиҳои Осиё ва Чемпионати ҷаҳон.
2.8. Ҳифзи манфиати варзишгарон, тренерон, доварон.
2.9. Мубориза зидди истифодаи допинг ва дигар падидаҳои манфӣ дар варзиш.
2.10 Гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ таҳти шиори «Варзиш бар зидди истеъмоли нашъа».
2.11. Федератсия фаъолияти худро бо ҳамоҳангӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи мадаллӣ оид ба масъалаҳои марбут ба манфиати Федератсия, ҳамчунин робита ва вобастагии мустақимро бо ташкилотҳои байналмилалӣ ба анҷом мерасонад.
2.12. Федератсия шартнома ва созишномаҳоро бо аъзои дастаҳои яккачин оид ба намудҳои варзиши обӣ ба имзо мерасонад.
2.13. Федератсия ҳаққи аъзогиро ва дигар пардохтҳоро муқаррар менамояд ва меситонад, аъзои Федератсияро барои кори фаъол ҳавасманд мегардонад.
2.14. Васоити ахбори омма таъсис менамояд ва фаъолияти табъу нашрро оид ба масъалаҳои намудҳои варзиши обӣ ба анҷом мерасонад.
2.15. Бино, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, ашё ва дигар молу мулки манқул ва ғайриманқулро, ки барои таъмини техникиву моддии фаъолияти Федератсия зарур аст, метавонад ба вуҷуд орад, аз худ ё бегона кунад, барои истифодаи ройгон супорад ё гирад, ба идора диҳад ё киро намояд.
2.16. Кормандони доимии Дастгоҳи Федератсияро, ки ба таври кироя ба кор гирифта шудаанд, таъмин намояд.
2.17. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон филиал ё намояндагӣ кушояд.
Моддаи 3. Шарту шароити ба даст овардан ва аз даст додани узвият
3.1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷдкистон ва шахсони хориҷие, ки синну солашон ба 18 расидааст, метавонанд узви Федератсия бошанд. Узвият дар Федератсия ихтиёрӣ мебошад. Ҳар як ташкилот, ки Оинномаи мазкурро эътироф менамояд ва мақсаду вазифаҳои Федератсияро дастгирӣ мекунад, метавонад узви Федератсия шавад.
3.2. Қабулшавӣ ба Федератсия мувофиқи аризаи шахсии шаҳрванд амалӣ гардонида мешавад ва бо қарори Идора ва аризаи шахсии узв барҳам дода мешавад.
3.3. Узви Федератсия ҳуқуқ дорад:
- ба мақомоти роҳбарикунандаи Федератсия интихоб шавад ва узви мақомотро интихоб намояд;
- дар ҳама фаъолият ва амалиёти Федератсия ширкат варзад;
- оид ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти ҳама мақомоти Федератсия пешниҳод пешкаш намояд;
- узви Федератсия набояд амалҳоеро ба ҷо орад, ки ба Оиннома ва қарорҳои мақомоти интихоботии Федератсия мухолиф аст.
3.4. Таъсисгарон, ташаббускорони ташкили Федератсия бечунучаро аъзои Федератсия ва дорандаи ҳуқуқу вазифаҳои баробар мешаванд.
3.5. Аъзои Федератсия дар ҳаҷми аз тарафи Кумитаи иҷроиявии Федератсия муқарраршуда, аъзопулӣ месупоранд. Маблағ ба суратҳисоби Федератсия супорида мешавад.
Кумитаи иҷроиявии Федератсия ваколатдор аст:
- самтҳои истифодаи маблағҳои Федератсияро баррасӣ намояд, сметаи хароҷот ва даромади Федератсияро барои як сол тасдиқ менамояд;
- тренерони асосӣ ва калонро оид ба намудҳои варзиши обӣ тасдиқ менамояд, ҳамчунин ҳайати дастаҳои яккачини ҷумҳуриявиро оид ба намудҳои варзиши обӣ тасдиқ менамояд;
- намуди вимпел (парчам), эмблема (нишон), муҳр, шаҳодатнома, ифтихорнома ва дипломҳоро тасдиқ менамояд;
Кумитаи иҷроиявии Федератсия барои анҷом додани ваколатҳои худ, метавонад аз шуъбаҳо ва бахшҳои минтақавии Федератсия ҳамаи маълумоти зарурие, ки ба фаъолияти онҳо вобастагӣ доранд, талаб намояд.
Моддаи 4. Мақомоти роҳбарикунанда ва назоративу тафтишотӣ
4.1. Мақомоти Олии Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсия мебошад, ки на камтар аз як бор дар ду сол даъват мешавад. (Конференсияҳои ғайринавбатӣ ҳангоми зарурат даъват мешаванд.) Конференсия ба мақсади шунавидани ҳисобот оид ба фаъолияти Федератсия ва на камтар аз як маротиба дар ду сол бо мақсади аз нав интихоб намудани мақомоти роҳбарикунандаи Федератсия даъват мешавад. Замони байни конференсияҳо фаъолияти Федератсияро Кумитаи иҷроиявии Федератсия, ки аз ҷониби Конференсияи ҷумҳуриявӣ интихоб мегардад, роҳбарӣ мекунад.
4.2. Мувофиқи талаби як аз чор ҳиссаи аъзои коллективонаи Федератсия, ё бо талаби аз нисф зиёди аъзои Раёсат, ё бо пешниҳоди комиссияи назоративу тафтишотӣ Конференсияи ғайринавбатӣ барои ҳалли масъалаҳои ногузир даъват мешавад.
4.3. Кумитаи иҷроиявии Федератсия аз инҳо иборат аст:
- Президенти Федератсия
- ноиб-Президент (директори иҷроиявӣ)
- Котиби Генералӣ
- раиси комиссия оид ба намудҳои варзиш
- раиси комиссияи техникӣ (СТК)
- раиси комиссияи тафтишотӣ.
4.4. Кумитаи иҷроиявии Федератсия бояд на дертар аз се ҳафта пеш аз оғози кори Конференсияи навбатӣ муҳлати даъвати Конференсия, рӯзномаи пешбинишуда, маҳалли баргузорӣ, меъёри намояндагии аъзои дастаҷамъии онро эълон намояд.
4.5. Конференсияи ҷумҳуриявӣ
- Оинномаи Федератсияро тасдиқ мекунад ва ба он тағйиру иловаҳо ворид мекунад;
- ҳаҷми ҳаққи дохилшавӣ ва аъзогиро барои узви дастаҷамъии Федератсия муқаррар мегардонад;
- гузориш оид ба кори Кумитаи иҷроиявии Федератсияро гӯш мекунад;
- вазъияти корҳо, вобаста ба рушди намудҳои обии варзишро дар кишвар ва таҷрибаи гузаронидани чорабиниҳои варзишие, ки Федератсия ташкил мекунад, дида мебарояд;
- ба кори тренерони гурӯҳҳои яккачини ҷумҳурӣ, баҳо мегузорад;
- аъзоёни нави коллективонаро ба Федератсия қабул менамояд.
- дигар масъалаҳоро вобаста ба фаъолияти оинномавии Федератсия баррасӣ ва ҳал менамояд.
4.6. Корҳои ҷориро, ки байни машваратҳои Раёсат бояд амалӣ гардонида шаванд, Президент, ноиб-Президент ва Котиби Генералии Федератсия мегузаронанд.
4.7. Кумитаи иҷроиявии Федератсия ваколати зерин дорад:
- таҳия намудани барнома ва лоиҳаҳои дурнамо;
- муайян кардани самтҳои асосии фаъолияти Федератсия;
- ташкил намудани кор оид ба таҳия ва гузаронидани чорабиниҳо;
- ҳамоҳангсозии иҷрои барномаҳои тасдиқшуда;
- баррасӣ намудани самтҳои истифодаи маблағҳои Федератсия, сметаи хароҷот ва даромади Федератсияро барои як сол тасдиқ менамояд;
- тренерони асосӣ ва калонро оид ба намудҳои варзиши обӣ тасдиқ менамояд, ҳамчунин ҳайати дастаҳои яккачини ҷумҳуриявиро оид ба намудҳои варзиши обӣ тасдиқ менамояд;
- намуди вимпел, эмблема (нишон), муҳр, шаҳодатнома, ифтихорнома ва дипломҳоро тасдиқ менамояд.
Кумитаи иҷроиявии Федератсия барои ба анҷом расонидани ваколатҳои худ, метавонад аз филиали минтақавии Федератсия ҳамаи маълумоти заруре, ки ба фаъолияти онҳо вобастагӣ дорад, талаб намояд.
4.8. Президенти Федератсия ваколатҳои зерин дорад:
- даъват намудани машварати Раёсати Федератсия;
- омода сохтани хуҷҷатҳо;
- бастани шартномаҳои меҳнатӣ бо шаҳрвандон;
- таъйин намудани сармуҳосиби Федератсия;
- тартиби пардохти музди меҳнат;
- идора намудани молу мулк ва маблағи Федератсия барои иҷрои масъалаҳои гузошта шуда;
- роҳбарӣ намудани фаъолияти хоҷагӣ ва молиявӣ, инчунин намояндагӣ намудан аз номи Федератсия дар муносибат бо дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам хориҷӣ оид ба ҳамаи масъалаҳои фаъолият.
4.9. Ноиб-президенти Федератсия (директори иҷроиявӣ) ҳамаи корҳои Федератсияро, ки ба чорабиниҳои варзишӣ вобастагӣ доранд, ба вуҷуд меорад, ба кори президенти Федератсия кӯмаки ҳамаҷониба мерасонад, ҳангоми ғоиб буданаш вазифаи ӯро ба зимма мегирад. Барои иҷро намудани кор музд мегирад.
4.10. Котиби Генералии Федератсия ба таври лозимӣ тартиб додани хуҷҷатгузорӣ, протоколҳои машварат, конференсия, баҳисобгирӣ ва хисобдиҳии хуҷҷатҳо, назорат аз болои мукотиба, ҳуҷҷатҳои воридот ва содиротро таъмин месозад.
4.11. Назорат ва тафтишоти фаъолияти молиявии Федератсияро комиссияи тафтишотӣ ба вуҷуд меорад. Тафтишот ҳар сол гузаронида шуда ба Раёсати Федератсия пешниҳод карда мешавад.
4.12. Комиссияи тафтишотӣ дар Маҷлиси Умумӣ ба мӯҳлати 4 сол интихоб карда мешавад ва аз Раис ва ду аъзои комиссия иборат аст.
Моддаи 5. Манбаи ташкилёбии маблағ ва моликияти дигар
5.1. Манбаҳои ташкилёбии молу мулки Федератсия маблағҳои шахсӣ ва ҷалбкардашуда мебошанд.
5.2. Маблағҳои шахсиро ҳаққи аъзогии дохилшавӣ, маблағҳое, ки аз фаъолияти тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ ба даст оварда шудаанд, ташкил мекунанд.
5.3. Маблағҳое, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Миллии Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо шудаанд, инчунин кӯмаки молиявӣ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (ФИНА) ташкил медиҳад.
5.4. Маблағҳои ҷалбкардашуда: маблағҳое (грант, қарзҳо), ки барои ба вуҷуд овардани лоиҳаҳо, созишномаҳо, шартномаҳо ворид шудаанд; маблағҳое, ки аз маблағгузорон дода шудаанд, дигар воридот.
5.5. Федератсия метавонад дар моликияти худ бино, иншоот, асбобу ашё, амвол, воситаҳои нақлиёт, молу мулки дорои аҳамияти фарҳангиву маърифатӣ ва солимгардонӣ дошта бошад. Воситаҳои пулӣ, саҳмияҳо, коғазҳои қимматнок ва дигар молу мулке, ки барои таъмини моддии фаъолияте, ки дар Оинномаи мазкур пешбинӣ шудааст, заруранд.
Моддаи 6. Воҳидҳои сохтор
Барои ба мақсад расидан ва ба вуҷуд овардани вазифаҳои гузошта шуда, Федератсия барои дар вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо, дар ҳудуди тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва дастгирӣ намудани Федератсияҳои шиноварӣ кӯмаки техникӣ ва молиявӣ мерасонад.
Моддаи 7. Фаъолияти соҳибкорӣ
7.1. Барои ноил гардидан ба мақсадҳои Оинномавӣ, Федератсия метавонад фаъолияти соҳибкориро амалӣ гардонад.
7.2. Фаъолияти соҳибкориро Федератсия мувофиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.
7.3. Даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ ва хоҷагӣ танҳо барои ба мақсад ва вазифаҳои Оинномавӣ расидан истифода бурда мешавад ва наметавонад байни аъзо ва иштирокчиёни Федератсия тақсим карда шавад.
7.4. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони штатии Федератсия (кормандони доимӣ) дахл дорад ва онҳо ҳақ доранд, маош гиранд.
Моддаи 8.Тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оиннома
8.1. Ҳамаи тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Федератсия бо қарори ҳадди аксари овозҳо дар Конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ворид карда мешаванд.
8.2. Оинномаи Федератсия бо тағйиру иловаҳои воридшуда мумкин аст, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайд гирифта шавад.
Моддаи 9. Тартиби аз нав ташкил кардан ва барҳам додани Федератсия
9.1. Фаъолияти Федератсия дар ҳолатҳои зерин барҳам дода мешавад:
- Аз нав ташкилшавии Федератсия - бо Қарори Конференсияи ҷумҳуриявӣ, ҳангоми вуҷуд доштани 2 аз 8 ҳиссаи овозҳо;
- Барҳамшавӣ - бо қарори Конференсияи ҷумҳуриявӣ, ҳангоми вуҷуд доштани 2 аз 3 ҳиссаи овозҳо, инчунин дар ҳолатҳои аз тарафи қонун пешбинишуда, бо қарори суд.
9.2. Молу мулки Федератсияи барҳамдодашуда, баъд аз пардохти қарзҳо, ба самтҳои аз тарафи Оиннома пешбинӣ шуда равона карда мешаванд.
9.3. Бо корҳои вобаста ба барҳамшавии Федератсия комиссияи барҳамдиҳӣ машғул мешавад.