Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ Анастасия Тюрина дар бозиҳои олимпии ҷавонон, ки аз 6-ум то 19-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Буэнос-Айреси Ҷумҳурии Аргентина баргузор гардид, иштирок намуд.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин варзишгари шиновар барои ба даст овардани ғолибият дар бозиҳои олимпии ҷавонон барору комёбиҳо таманно намуданд.
Мавриди зикр аст, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи варзиш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, варзишгаронро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Фароҳам овардани шароити мусоид ба варзишгарон имконият медиҳад, ки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, парчами кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.