Колесникови россиягӣ аз натиҷаи соли 2018 шиновари беҳтарини Аврупо дониста шуд

44Варзишгари Россия Климент Колесников дар овоздиҳии Лигаи шиноварии Аврупо (LEN) унвони шиновари беҳтарини Аврупо аз натиҷаи соли гузаштаро мушарраф гардид.

Оид ба ин дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ (FINA) хабар дода шудааст.
Варзишгар аз натиҷаи пурсиш 44 фоизи овозҳоро ба даст овард, ки дар он намояндагони федератсияҳои миллии аврупоӣ ва аъзоёни кумита ва гурӯҳҳои LEN иштирок доштанд.
Миёни занон шиноварзани беҳтарин намояндаи Шветсия Сара Сестрем (45,3%) дониста шуд. Дар овоздиҳӣ барои унвони синхронисти беҳтарин ғалабаро варзишгарзани рус Светлана Колесниченко соҳиб гашт.
Ёдовар мешавем, ки соли 2018 Колесников дар оби масофаи наздик ду медали тилло, се медали нуқра ва ду медали биринҷиии чемпионати ҷаҳонро ба даст оварда тавонист. Илова бар ин, дар ҳисоби ӯ се медали тилло, ду нуқра ва як биринҷии чемпионати Аврупо мансуб аст, ки дар он ӯ рекорди ҷаҳониро дар масофаи 50 метраи намуди пуштнокӣ муқаррар намуд.
Қаблан маълум гардида буд, ки панҷ шиновар ба ҷоизаи «Варзишгари сол»-и Федератсияи умумироссиягии шиноварӣ сазовор гашта буданд.





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2023 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон