Мусобиқаи ҷумҳуриявии шиноварӣ ба муносибати «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

90

Бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд санаи 15-уми ноябр мусобиқаи ҷумҳуриявии шиноварӣ оғоз ёфт. Дар ин чорабинии варзишӣ, ки таи ду рӯз идома меёбад 80 нафар шиноварон аз қаламрави ҷумҳурӣ, варзишгарон аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштироку маҳоратсанҷӣ мекунанд.

523

Дар маросими кушодашавии мусобиқа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндагони Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон иштироку суханронӣ карданд. Маърузачиён аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати рушди варзиш ёдовар ва иброз намуданд, ки бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии мамлакат варзиши шиноварӣ рӯз ба рӯз рушд меёбад. Баҳри пешрафти шиноварӣ шароитҳои созгор, аз ҷумла ҳавзҳои шиноварӣ сохта ба истифода дода шуда варзишгарони шиновар тарбия ва ба камол мерасанд. Умед аст дар ояндаи наздик шиноварони тоҷик дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парчами кишварамонро боло мебардоранд.

524525526527528529530

Дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгарон дар намудҳои тарзи озод, шинокунии пуштнокӣ, брасс ва баттерфляй дар масофаҳои 50, 100 ва 200 метр маҳорати худро нишон доданд. Дар намудҳои зикршуда Темур Каримов, Анастасия Тюрина, Умед Исломзода, Нурангез Нурматова, Рамзиёр Хоркашов, Заррина Набиева ва Фахриддин Махкамов маҳорати хуби шиноварӣ нишон дода сазовори мақомҳои ифтихорӣ шуданд.
Пагоҳ мусобиқа аз рӯи намудҳои тарзи озод, брасс ва эстафета идома ёфта, дастовардҳои шахсӣ ва ҳам ҳайати даставии варзишгарон муайян ва ғолибони мусобиқа бо Ҷом, Медал, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ мешаванд.
Акбар Шарифӣ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2020 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон