Дар ҳавзи шиноварии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд тайи як ҳафта боз аз ҷониби мураббиёни самти варзиши шиноварӣ барои шиноварони аъзои дастаи мунтахаби Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон машқу тамринҳо ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқаҳои дар пешистода идома доранд.
Ин машқи дастаҷамъонаи варзишгарон бо ташаббуси Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро гузаронида мешавад.
Мавриди қайд аст, ки дар ҷараёни машқу тамринҳо варзишгарон нозукиҳои ин намуди варзишро ба таври васеъ меомӯзанд, то дар мусобиқаҳои дар пешистода муваффақона ширкат намоянд.