ТАБРИКОТИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ МИЛЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН

07

Варзишгарони банангу номуси Ватан, мураббиён, кормандони соҳаи варзиш ва мухлисону дӯстдорони варзиши тоҷик.

Шуморо ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро бо ҷашни «Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон» муборакбод менамоям.
Боиси ифтихор мебошад, ки дар Тоҷикистони азиз ҳамасола санаи 10 август ҳамчун Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Соҳаи варзиши намудҳои обӣ, дар баробари ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон аст.
Намудҳои обӣ дар доираи татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим инъикос меёбад, рӯ овардан ба варзиш машғулияти асосии мардум, бахусус наврасону ҷавонон гардидааст.
Қобили қайд аст, ки мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд доштанд.
Гузаштагони мо барои беҳдошти саломативу нерӯи ҷисмонӣ ва ҳамеша омода будан ба дифои марзу бум ва мардуми хеш усулҳои гуногуни варзиш, амсоли давидану ҷаҳидан, найзапартоиву шамшерзанӣ, гурзпартоиву камонварӣ, аспдавонию чавгонбозӣ, гӯштину шиноварӣ ва дигар навъҳои варзишро инкишоф медоданд.
Онҳо ҷавононро ба хотири тавоноии маънавию ҷисмонӣ аз овони кӯдакӣ барои иҷрои машқҳои гуногуни варзишӣ омода месохтанд. Ин анъанаи нек то замони мо омада расидааст.
Боиси ифтихор ва шарафмандӣ аст, солҳои охир шиноварони кишварамон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистони озодро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Имрӯз гуфта метавонем, ки ду нафар шиноварони тоҷик иштирокчиёни Бозиҳои олимпи 2020 шудаанд.
Боиси тазаккур аст, ки таблиғи тарзи ҳаёти солим, роҳандозии тадбирҳои мақсадноку пайваста баҳри машғул шудани наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва ба ин хотир муҳайё намудани шароитҳои созгори инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон дар маркази таваҷҷӯҳи сиёсати хирадмандона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳ ва манзалати мувофиқро касб намудааст.
Маҳз, ғамхориҳои варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат боиси устуворгардии базаи моддию техникӣ барои оммавигардонии варзиш ва омода намудани варзишгарони касбии сатӣи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ гардид.
Расман ифтитоҳ гардидани маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе, тӯҳфаи беназир барои шиноварон ва мо масъулини соҳа маҳсуб меёбад, зеро чунин шароитҳо барои омода намудани варзишгарони касбӣ ва ташкилу баргузор намудани мусобиқаҳои бонуфӯзи сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Бори дигар бо самимияти бепоён Шуморо ба ифтихори Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ва 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ муборакбод гуфта, бароятон бурдбориву комёбиҳои беназир таманно дорам.
Ҳамеша сарбаланду дастболо бошед!

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Ҳайати ҷавонон ва асосии тими миллӣ

Анастасия Тюрина

Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ...

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ

Ҳайати варзишгарон оид ба шиноварӣ барои иштирок дар ҷамъомади машқи-таълимӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ...

Варзишгарони шиновар

Варзишгарони Муассисаи давлатии ”Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба ...
© 2020 Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон