Муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро,
Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи адаб ва камоли эҳтиром Шумо ва дар симои шумо тамоми кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсию амнияти кишвар саҳми арзанда мегузоред, бо Рӯзи милитсияи тоҷик табрику таҳният гуфта сиҳатмандӣ, хонаободӣ, сарфарозӣ, офияти комил ва дар фаъолияти шабонарӯзии шумо барои ҳифзи оромию осоиштагии кишвари азизамон – Тоҷикистони, ки аз ҳадафҳои муҳим ва дастовардҳои арзишманди халқи тоҷик бо роҳбари Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, хизмати шоистаю пурсамар ва пирузию саодатмандиро орзу менамояд.
Бори дигар Рӯзи милитсияи тоҷикро бароятон муборакбод мегӯем!
Бо эҳтиром, Варзишгарони банангу номуси Ватан