Бо мақсади рушди варзиши намуди шиноварӣ, тарғиби тази ҳаёти солим ва ҷалби сокинон ба ин намуди варзиш дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба «Рӯзи байналмиллалии варзишҳои намуди обӣ» Фестивали намудҳои варзиши обӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинии бошукӯҳи варзишӣ беҳтарин варзишгарони кишвар, аъзоёни тими мунтахаби мамлакат оид ба шиноварӣ ба кӯдакону наврасони варзишдӯсти вилоят намудҳои шиноварӣ ва қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми машғул шудан ба варзишҳои обиро нишон доданд.
Чорабинии варзишии мазкур бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ва дастгирии Федератсияи байналмиллалии шиноварӣ роҳандозӣ шуд.
Иштирокчиёни фестивал малакаю маҳорати варзишии худро нишон дода кӯдакону наврасонро, ки дар оянда ба ин намуди варзиш ҷалб шуданиянд шод намуданд.
Ба ҳамаи иштирокчиён ва кӯдакону наврасон туҳфаҳои хотиравии Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.Масъулин федератсия иброз доштанд, ки фестивали мазкур ҳамасола бо мақсади рушди ин намуди варзиш роҳандозӣ мешавад.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар фестивали мазкур наздик 200 нафар дӯстдорони варзиши шиноварӣ иштирок намуданд.
Акбар Шарифӣ