Рӯзи 15-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи ин чорабинии варзишӣ раиси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон, вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва раиси вилояти Суғд Раҷҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда варзишгаронро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд. Қайд карда шуд, ки маҳз дастгириву таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушди варзиш буд, ки имрӯз варзиш дар ватани мо рушд карда, барои ба тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани сокинон тамоми шароити мусоид ҷиҳати беҳдошти саломатӣ ва варзиш фароҳам оварда шуд. Таъкид гардид,ки шиноварӣ намуди варзиши дустдоштаест, ки ба ин намуд шаҳрвндони касбу кори гуногун машғул ҳастанд. Дар баробари варзишгарон сокинон низ баҳри барқарорсозии саломатӣ ба иншоотҳои варзиши шиноварӣ ташриф меоранд. Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҳавзҳои шиноварӣ бунёд гардида истодаанд, ки барои рушди варзиши шиноварӣ замина мегузорад.
Варзишгарон дар намудҳои тарзи озод, брасс, баттерфлей ва тарзи пуштноки шинокунӣ дар масофаи 50 метр, дар намудҳои брасс ва тарзи озод дар масофаи 100 метр, дар намуди маҷмӯавӣ дар масофаи 200 метр, эстафетаи 4х50 метра дар намудҳои брасс ва омехта малакаю маҳорти варзишӣ нишон дода беҳтаринҳо дар рафти мусобиқа муайян шуданд. Дар ҳайати даставӣ шиновар-варзишгарони ду дастаи шаҳри Душанбе бо ба даст овардани бештари ҷойҳои ифтихорӣ мақомҳои якуму дуюмро ишғол намуданд. Ҷойи сеюм насиби варзишгарони тими вилояти Суғд гардид.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо Ҷом, медал Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Федератсияи миллии шиноварӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд қадрдони гардиданд.
Акбар Шарифӣ,
Абдурашид Раҳимӣ.